ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,5 миллиард сомонӣ (160,4 миллион доллар) сармоягузорӣ шуд, ки ин ҳаҷм дар муқойиса бо ду моҳи авали соли гузашта 16,1 дарсад афзойишро нишон медиҳад, мегузорад хабаргузории ТоҷикТА.
Бино ба иттилои вазорати рушди иқтисодӣ ва бозаргонии Тоҷикистон, ширкатҳои тавлидотӣ беш аз 1 миллиард сомонӣ ва ширкатҳои ғайритавлидотӣ 428,9 миллион сомонӣ сармоягузорӣ дарёфт карданд.
Ба бахши энержии кишвар ҳудуди 835,6 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуд, ки ин ҳаҷм дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 35,9 дарсад афзойишро нишон медиҳад.
Ҳамчунин, бахшҳои таробарӣ ва иртиботот 44,6 миллион сомонӣ сармоягузорӣ дарёфт карданд.