Зиқ нестам: Меҳрона Ғайбуллоева ба давраи нимфиналии "Ты супер!" роҳ наёфт

Обуна шудан
Дар чорякфиналии барномаи байналмилалии мусиқии "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона Ғайбуллоева бо овозхон Албина Ҷанабаева таронаи "Алло, мам"-ро иҷро кард

Дар паси саҳна Меҳрона ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки пеш аз баромад чӣ эҳсосе дорад. 

"Имрӯз ман бо чунин пироҳани зебое ба саҳна мебароям. Ин курта ба ман хело маъқул аст ва ман бо он худро роҳат ҳис мекунам", -мегӯяд вай.

Меҳрона дам ба дам телефонашро хабар мегирад. Дӯстону наздиконаш ӯро бо паёмакҳо дастгирӣ мекунанд. 

"Ман аслан бе телефон наметавонам", - мегӯяд вай ҳангоми назар ба телефони дастиаш.

Лаҳзаи ба саҳна баромадани Меҳрона фаро мерасад.

"Албатта, каме ҳаяҷон дорам. Ба фикри ман ҳар як овозхон бояд "ҳаяҷон дошта бошад, ин муфид аст. Намедонам барои чӣ, аммо ман ҳатто дар давраи гузошта мисли ҳоло дар ҳаяҷон набудам", - мегӯяд духтар.

Ба гуфтаи ӯ, барои пирӯзӣ ба барнома наомадааст.

"Омадам, ки хуб баромад кунам ва аз Игор Крутой бахшиш пурсам. Дар давраи гузашта ман ба ӯ дуруштӣ кардам, натавонистам худро дорам. Хело худро гунаҳкор меҳисобам", - мегӯяд вай.

Мутаассифона, Меҳрона ба давраи дигар роҳ наёфт. Аммо ӯ рӯҳафтода намешавад. 

"Ман ба давраи дигар роҳ наёфтам, аммо ин баҳона барои зиқ шудан нест. Имрӯзу имсолро ман ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард. Хело мехоҳам, ки иштирокдорони нав ба давраи дигар гузаранд", - мегӯяд духтараки тоҷик.

Лентаи хабарҳо
0