ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар давоми ду моҳи соли равон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,5 миллиард сомонӣ (160,4 миллион доллар) сармоя ворид гаштааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
Омори мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 дарсад зиёд будааст.
Дар ҳамин ҳол, дар ҳамин давра иншоотҳои соҳаи истеҳсолоти кишвар беш аз 1 миллиард сомонӣ ва соҳаи ғайриистеҳсолӣ беш аз 428,9 миллион сомониро аз худ карданд.
Барои сохтмони иншоотҳои энергетикӣ 835 миллион сомонӣ ва дар соҳаи нақлиёту алоқа 44,6 миллион сомонӣ масраф шудааст.
Ёдрас мешавем, қаблан сарвазири Тоҷикитстон Қоҳир Расулзода, эълон карда буд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба ҷумҳурӣ 1,67 миллиард долларро ташил медиҳад. Аз ин рақам 925 миллион доллар ин сармоягузориҳои мустақимро ташкил медиҳад.