ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин муддат Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ 334,1 миллион доллар муомилоти тиҷорӣ доштааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 дарсад кам мебошад.
бино бар иттилои манбаъ, дар ин муддат, рушди тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Арманистон (5,4%), Озарбойҷон (60,3%), Украина (25,7%) ва Узбакистон (17,3%) рушд доштааст. Аммо дар ин давра арзиши молии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Арманистон 79 ҳазору 400 доллар, Озарбойҷон 15 миллиону 600 ҳазор доллар ва Узбакистон 33 миллиону 900 ҳазор доллар эълом шудааст.
Ҳаҷми табодули маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Русия дар ду моҳи соли равон ба 155 миллион доллар ва бо Қазоқистон ба маблағи 125 миллион долларро ташкил додааст.
Инчунин, дар ду моҳи соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон аз хориҷа, 477 миллион долларро ташкил додааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 475 миллион долларро ташкил дода буд.
манбаъ таъкид намудааст, ки дар ҳамин давра ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар 120 миллион долларро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 22 дарсад коҳиш ёфтааст.