Ҷосуси Тоҷикистон нест: изҳороти Ҳукумат ва тафтиши Раззоқов аз сӯи КДАМ Қирғизистон

© © Пресс-служба правительства / Сабыр АильчиеЖениш Разаков
Жениш Разаков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Қирғизистон бо нашри як изҳорот ҷосуси Тоҷикистон будани Жениш Раззоқов, ноиби сарвазири ин кишварро бепоя ва иғво хондааст

ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Ҳукумат иддао дар бораи ҷосуси Тоҷикистон будани Жениш Раззоқовро, ки ахиран дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон аз сӯи бархе вакилон садо дод, дурӯғу иғво хондааст.

Заседание Жогорку Кенеша, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Талаби истеъфои Ҳукумат дар парлумон ва видеои Раззоқов: долонро ба Тоҷикистон намедиҳем

Ҳукумати Қирғизистон зикр кардааст, ки қаблан низ иттилоъ дар бораи равобити Раззоқов бо хадамоти ҷосусии Тоҷикистон дар расонаҳо паҳн мешуданд ва ҳадафи онҳо танҳо сиёҳ кардани шахсияти Раззоқов ва фаъолияти давлатии ӯ мебошад.

Манбаъ зикр кардааст, ки Раззоқов тамоми марҳилаҳои хидмат дар мақомоти умури дохилиро паси сар карда, дар мақоми сардори Раёсати умури дохилии вилояти Бодканд фаъолият намудааст ва баъдан роҳбари ин вилоят таъин шудааст.

Ҳукумати Қирғизистон таъкид кардааст, имкон надорад, ки рабт доштани Раззоқов бо хадамоти кашшофии Тоҷикистон тайи ин муддати фаъолияташ аз назарҳо берун монад.

“Бори дигар таъкид мекунем, чунин иддао бепоя буда, оммаи мардумро ба роҳгумӣ мебаранд” – омадааст дар изҳорот.

Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Азим Иброҳим: омилони сар задани моҷаро, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд - Навор

Инчунин Ҳукумат афзудааст, ки дар пайи садо додани чунин иддао, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тафтиши асоснокии онҳоро оғоз кардааст ва дар пайи анҷоми таҳқиқот хулосаи худро ироа хоҳад кард.

Иддао дар бораи равобити Раззоқов ба мақомоти кашшофии Тоҷикистон ахиран дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон садо дод. Бар асоси ин иддао, ки дар расонаҳои  Қирғизистон нашр шудаанд, гӯиё равобити Раззоқов бо мақомоти Тоҷикистон замони кораш дар мақомоти умури дохилии Бодканд оғоз шудаанд. Худи Раззоқов ин иддаоро бепоя номид.

Жениш Раззоқов ахиран дар гуфтушунид бо мақомоти Тоҷикистон дар масъалаи марз ҳайати Қирғизистонро роҳбарӣ мекард.

Лентаи хабарҳо
0