ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Бо қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) 24 март Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил таҷлил мегардад, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.
Ҳадаф аз гузаронидани ин рӯз, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи огоҳии аҳолӣ дар бораи паҳншавии глобалии ин беморӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди он мебошад.
Аз рӯи маълумоти ТУТ, ҳар сол дар дунё 10 миллион нафар одамон гирифтори бемории сил шуда, 3 миллион нафар ҳалок мегарданд. Аз ҷумла, ҳар рӯз дар олам 8 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ ҷон медиҳанд. ТУТ ҳамчунин хабар додааст, ки дар натиҷаи татбиқи барномаҳо ва тадбирҳои андешидашуда дараҷаи сироятёбӣ аз ин бемории хавфнок дар ҷаҳон сол то сол кам мешавад.
Бояд зикр кард, ки соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли омӯзиш дар ташхисгоҳ барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Бемории сил (БС) аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон мегузарад.
Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво паҳн мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст. Аз ин ҷост, ки паҳншавии ин беморӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон низ бемории сил яке аз мушкилиҳои асосӣ дар самти фаъолияти соҳаи тандурустии мамлакат маҳсуб мешавад.
Бояд гуфт, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 66 Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил фаъолият доранд.