Оғози “монтажи” автомашинаҳои ширкати муштараки “ТАЛКО-КРАНТАС” дар Тоҷикистон

© Amir IsaevСтроительство нового здания парламента Таджикистана в Душанбе
Строительство нового здания парламента Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар корхонаи муштарак мошинҳои борбардор, ядакҳои трактор ва дигар намуди дастгоҳҳои махсус тавлид хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ширкати ТАЛКО-и Тоҷикистон ва “Крантас”-и Узбакистон нахустин худравҳои боркашро монтаж карданд, иттилоъ додааст  хабаргузории  ТоҷикТА.

Шавкат Мирзиёев ознакомился с презентацией завода спецтехники “Талко-Крантас” - Sputnik Тоҷикистон
Ташкили корхонаи нави Тоҷикистону Узбакистон – “Талко-Крантас”

Бино ба иттилоъи як манбаъ дар ширкати ТАЛКО, мутахассисони ду ширкат то ҳол монтажи нахустин 10 арода худрави боркашро анҷом доданд.
Гуфта мешавад, ки то поёни сол дар ширкати “ТАЛКО-КРАНТАС” беш аз 100 адад худрав монтаж хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли равон аз ҷониби ширкати “Крантас групп”-и Узбакистон ва корхонаи алюминийи тоҷик, “ТАЛКО” корхонаи нави тавлиди техникаи махсус “Талко-Крантас” ташкил гардид.

Дар корхонаи муштарак мошинҳои борбардор, ядакҳои трактор ва дигар намуди дастгоҳҳои махсус тавлид хоҳанд шуд. Муаррифии ин лоиҳаи ояндадор дар ҳузури роҳбарони ду давлат баргузор гардид.

Лентаи хабарҳо
0