ДУШАНБЕ, 23 мар - Sputnik. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав омада, дар маросими мавриди истифодабарӣ қарор додани Факултети сиёсат ва идораи Донишгоҳ ширкат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти ҶТ.
Раисҷумҳурро донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ самимона истиқбол гирифтанду Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати гарм кардааст.
Ба итилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳур, ин бинои муҷаҳҳази таълимӣ тавассути маблағҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар бунёд ва бо шароити муосири таълимиву таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шудааст.
Барои сохтмону ҷиҳозонидани бино бештар аз 6 миллион сомонӣ харҷ шудааст.
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” яке аз калонтарин таълимгоҳи олии касбӣ дар вилояти Хатлон буда, дар байни дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мақоми хосаро соҳиб аст.
Айни ҳол дар донишгоҳ 6 ҳазору 340 нафар тариқи буҷавӣ, 10 ҳазору 420 нафар шартномавӣ ва 586 донишҷӯ тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд. Дар ин донишгоҳ ҳамчунин 111 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳсил менамоянд.
Донишгоҳи давлатии Бохтар танҳо тӯли панҷ соли охири фаъолияташ бештар аз 19 ҳазор нафар мутахассиси соҳаҳои мухталифро омода намудааст, ки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он дар арсаҳои гуногун кору фаъолият доранд.
Феълан донишгоҳ дорои пойгоҳи мустаҳками моддию таълимии муосир, иқтидори пурқуввати илмию омӯзгорӣ ва таҳқиқотию инноватсионӣ, парки технологӣ, маркази озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим мебошад. Ин муассисаи олии таълимии касбӣ бо зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар 5 соли охир беш аз 30 нафар донишҷӯи донишгоҳ ғолиб ва ҷоизадори озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардиданд.
Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ 29 озмоишгоҳ, 2 кабинети лингофонӣ, 2 толори варзишӣ, ҳамчунин 2 майдонча ва 1 маҷмааи варзишӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, дар саҳни донишгоҳ ба зиёда аз 40 нафар донишҷӯёни ятим туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим кардааст.
Сипас, раисҷумҳур Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо 4 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода доданд. Дар Маҷмааи варзишӣ пайроҳаҳои давидан бо масофаҳои гуногун, паридан ба баландӣ, майдонҳои футболу волейбол, майдончаи хурди қадамзанӣ бо шумули майдони варзишии ҳозиразамон бо масоҳати як гектар мавҷуд мебошад. Дар маҷмӯъ дар ин иншоот барои кулли намудҳои варзиш тамоми шароити зарурӣ муҳайёст.