Ҳамоиши эътирозии такрории тоҷикон дар назди Ҳукумати Арманистон

© Sputnik / Andranik GhazaryanТаджикские хлопководы требуют выплаты зарплаты перед Домом правительства (21 марта 2019). Еревaн
Таджикские хлопководы требуют выплаты зарплаты перед Домом правительства (21 марта 2019). Еревaн - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин шаҳрвандони Тоҷикистонро соҳибкоре аз Арманистон ба кишту кори пахта ҷалб карда, то ҳол маошашонро пардохт накардааст

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Имрӯз, 21 март чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Ереван дар назди Ҳукумати кишвар ҳамоши эътирозии такрорӣ карда, талаб карданд, ки аз соҳибкор Гагик Хачикиян маошашонро рӯйонида диҳанд, хабар медиҳад Sputnik Арманистон.

Ёдрас мешавем, ин пахтакорони тоҷик 7 март низ дар назди бинои Ҳукумат ҳамоиши эътирозӣ доир карда буданд.

Аммо, ба гуфтаи Хайрулло Абдулло, яке аз пахтакорони тоҷик, то ҳол мушкилии онҳо ҳалли худро наёфтааст.

Сбор хлопка в Армении - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамоиши эътирозии тоҷикон дар пеши Ҳукумати Арманистон

Ёдрас мешавем, 12 шаҳрванди Тоҷикистон аз соли 2018 дар Арманистон барои кишту кори пахта ҷалб карда шуда буданд. Онҳоро Хачикиян ном соҳибкоре ба кишвар овардааст, ки худ наздики 20 сол дар Тоҷикистон ба тиҷорати пахта машғул будааст.

Ба гуфтаи Абдулло, Хачикиян дар умум 15 ҳазор доллари тоҷикистониёнро намедиҳад. Аз 12 шаҳрванди тоҷикистон 5 нафарашон дар Арманистон мондаанд ва боқимонда ба Ватан баргаштаанд.

"Ҳукумат то ҳол дар қазияи мо чораандешие накардааст. 7 март ҳам ҳамоиш ороста будем, яке аз кормандони ҳукумат ба наздамон баромад, рақамҳои телефонашро дод ва гуфт, ки рӯзи дигар биёем. Рӯзи дигар ӯро наёфтем. Ҳоло намедонем, ки куҷо ва ба назди кӣ равем", - гуфтааст Абдулло дар сӯҳбат бо Sputnik Арманистон.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз моҳи май дар ширкати соҳибкор кор кардаанд ва ба гуфтаи худашон, танҳо барои ду-се моҳ маош гирифтаанду халос.

Аммо соҳибкори арманӣ иддаои меҳнаткашони тоҷикро рад кардааст.

Ба гуфтаи вай, соҳибкори арманӣ тоҷиконро ба хонаву ғизо таъмин карда, маблағи комунали ва хизматрасониҳои тибиии онҳоро пардохт мекард.

Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти шаҳрванди Русия дар Арманистон, ки дар Тоҷикистон ба одамфурӯшӣ айбдор мешавад

Яке аз намояндагони соҳибкори арманӣ таъкид намудааст, ки маоши тоҷиконе, ки Арманистонро тарк карданд пурра пардохт шуда буданд. Соҳибкор дар даст санадҳои лозима бо имзои худи пахтачинони тоҷикро дорад.

"Ҳар моҳ ҳамин Хайруло рӯйхат меовард, ки ба ҳар як нафар чӣ қадар маблағ бояд пардохт шавад. Новобаста аз он ки пахтакорони тоҷик тибқи шартнома корҳои худро иҷро карданд ё на, ман шахсан бонк мерафтам ва барои онҳо пул мефиристодам”, - зикр кард намояндаи соҳибкор.

Дар ҳамин ҳол намояндаи соҳибкор мегӯяд, ки қарз дар назди пахтачинон вуҷуд дорад, аммо ин маблағ 15 ҳазор доллар набуда ба маротиб кам аст. 

Вай афзуд, ки аз моҳи декабр тоҷикон кор накардаанд, ҳосил ҷамъ нашудааст ва ба ҳамин хотир мо бояд ба як тавофуқе бирасем.

Лентаи хабарҳо
0