Жириновский аз Назарбоев хост, ба “нурсултонкунонӣ”-и Қазоқистон хотима диҳад

© © Sputnik / Амир ИсаевЛидер партии ЛДПР Владимир Жириновский в Таджикистане
Лидер партии ЛДПР Владимир Жириновский в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия – “ЛДПР”, дар як мактуб ба Нурсултон Назарбоев ӯро барои баромаданаш ба “нафақаи президентӣ” шодбош гуфта, чанд пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Жириновский дар номааш аз Назарбоев хоҳиш кардааст, ки ба табдилдиҳии номи шаҳру навоҳии Қазоқистон ба номаш хотима диҳад.

Президент Белоруссии Александр Лукашенко, президент Казахстана Нурсултан Назарбаев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Пайравӣ аз Назарбоев? сиёсатшиносҳои Русия дар бораи интиқоли қудрати Раҳмону Лукашенко

Раиси “ЛДПР” инчунин аз раисиҷумҳури аввали Қазоқистон хоҳиш кардааст, ки маҳдудиятҳо барои забони русиро аз байн бардорад ва раванди гузариш ба алифбои лотиниро қатъ кунад.

Жириновский ба Назарбоев хотиррасон кардааст, ки ҳар дуяшон ҳамватан – аз Алмато, аз Қазоқистон мебошанд.

Ӯ афзудааст, бо назардошти муштаракоте, ки доранд аз Назарбоев дархост кардааст, номгузории шаҳру навоҳиро ба номаш хотима бахшад.

“Ба тағйири номи пойтахт, ҳатто Мао Дзе Дун даст назад. Нафаре аз атрофиёнаш масъалаи тағйири номи Пекинро ба миён нагузошт”, - навиштааст Жириновский дар номае, ки матни онро хадамоти матбуоташ нашр кардааст.

Андрей Грозин. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Грозин: Тоқаев дар сиёсати хориҷии Қазоқистон тағйироте ворид намекунад

Раиси “ЛДПР” инчунин изҳор доштааст, ки дар “нафақаи президентӣ” Назарбоев фурсати истироҳат хоҳад дошт ва имкон пайдо мекунад, ки бештари вақтро бо наздиконаш гузаронад.

Шоми 19 март раисҷумҳури ҳамакнун пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар муроҷиат ба мардум эълом кард, ки ба истеъфо меравад.

Феълан, то интихоботи президентӣ дар Қазоқистон масъулияти раисҷумҳурӣ бар дӯши раиси пешини Сенати парлумон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аст. Духтари Назарбоев - Дариға Назарбоева дар мақоми роҳбари Сенат ҷойгузини Тоқаев гашт.

Лентаи хабарҳо
0