Welcome to Tajikistan: дар фурудгоҳи Душанбе барои сайёҳон гӯшаи иттилоот ифтитоҳ шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевАэропорт в Душанбе ночью, архивное фото
Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои сайёҳони хориҷӣ гӯшаи иттилоот ташкил карда шуд. Гушаи мазкур бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба сайёҳон кумак мерасонад

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гӯшаи иттилоотии сайёҳӣ ифтитоҳ шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Фурудгоҳи байналмилалӣ.

Диспетчерский пункт в аэропорту, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Манораи танзими ҳаракати ҳавоӣ дар фурудгоҳ бехатариро тақвият медиҳад”

Бино бар иттилои манбаъ, ин иқдоми наврӯзӣ ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда, дар якҷоягӣ бо мақомоти шаҳри Душанбе амалӣ шудааст.

“Минбаъд меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣметавонанд аз ин Гӯшаи иттилоотӣ дар бораи минтақаву мавзеъҳои тамошобоб, имкониятҳои сайёҳиву гардишгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истироҳатгоҳу осоишгоҳҳои кишвар, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва фароғатӣ маълумоти кофӣ бигиранд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Мақомоти фурудгоҳи байналмилалӣ зикр намудааст, ки гӯшаи мазкур ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, дар он бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои хоҳишмандон маълумот ва иттилооти лозима дастрас хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0