Сафорати Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ хони наврӯзӣ орост

© © Sputnik / Амир ИсаевПразднование Навруза в ЖД парке города Душанбе
Празднование Навруза в ЖД парке города Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон дар навбати худ мизи миллиро бо унсурҳои ҳафтсину ҳафтшин ҳамроҳ бо ашёи хоси миллии тоҷикӣ орост

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Дар Фаронса кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон) дар қароргоҳи Комиссияи СММ оид ба соҳаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) чорабинии муҳташам бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз доир гардид. 

Дар ҳамоиши мазкур Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле, намояндагони вазорату идораҳои Франсия, ҳайати дипломатӣ, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Франсия ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Даъватшудагон бо таомҳои миллии кишварҳои таҷлилгари Наврӯз ошноӣ пайдо карда, бо расму русуми наврӯзӣ ва таҷлили Наврӯз дар ҳар яке аз кишварҳои болозикр шинос шуданд.

Сафорати Тоҷикистон дар навбати худ мизи миллиро бо унсурҳои ҳафтсину ҳафтшин ҳамроҳ бо ашёи хоси миллии тоҷикӣ ороста, ҳамзамон маводи шиносоӣ ва таблиғотии ҷашниро оид ба Тоҷикистон ба хотири муаррифии бештари кишварамон ба маъраз гузошт.

Лентаи хабарҳо
0