ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон қариб 20 нафарро бо иттиҳоми кашмакашӣ, ки бар зидди тағйири номи Остона ба Нурсултон бо ҳам омада буданд дастгир намудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории Рейтер.
Тарафдорон ва мухолифини тағйири номи Остона ба Нурсултон рӯзи чоршанбе дар назди бинои мири шаҳр гирдиҳамоӣ ташкил намуда, кашмакашӣ низ кардаанд.
Ин ҳодиса дар майдони асосие, ки иди Наврӯз баргузор мегардад ба вуқуъ пайвастааст.
Чанде пеш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифини тағйири номи Остона ба Нурсултон ба ҳамоиш даъват мешуданд. Даъваткунандагон мухолифинро ба назди бинои мири шаҳри Остона ба ҳамоиши озод мехонданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи чоршанбе Президенти нави Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев баъди ёд кардани савганди президентӣ, пешниҳод карда буд, ки номи Остонаро ба Нурсултон табдил диҳанд.
Худи ҳамон рӯз вакилони парлумони Қазоқистон ин пешниҳодро пазируфтанд.