Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак омад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон в обращении к Парламенту
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в обращении к Парламенту - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон вориди шаҳри Нораки вилояти Хатлон шуд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik.  Субҳи рӯзи 20 март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба Соли нави миллӣ-ҷашни байналмилалии Наврӯз, ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон сафар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба таҷдиду таъмири НБО “Норак” оғози расмӣ бахшид

Бино бар иттилои манбаъ, зимни сафари кориаш раисҷумҳури кишвар бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ошно шуда, дар ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон ширкат хоҳад кард.

Инчунин, манбаъ таъкид намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишварро  роҳбарияти вилояти Хатлон, аҳли илму фарҳанг ва ҷавонони шаҳри Норак бо рӯҳияи болида ва фазои шукӯҳманди наврӯзӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдрас мешавем, ки субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии “Норак” оғози расмӣ бахшид.

Концерт по случаю визита президента Эмомали Рахмона в Нурек
Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак омад - Sputnik Тоҷикистон
Концерт по случаю визита президента Эмомали Рахмона в Нурек

Бино бар иттилои манбаъ, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ба лоиҳаи тарҳи корҳои таъмири асосии неругоҳ ошно шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи таъмири асосии Неругоҳи барқи обии “Норак” Президенти кишвар ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа - ширкати австриягии “Andritz Hydro”, мушовири лоиҳа - ширкати шветсариягии “Stucky Ltd”  ва зерпудратчии лоиҳа - ширкати ватании “Тоҷик СГЭМ” ҷиҳати татбиқи саривақтии лоиҳа маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.

Лентаи хабарҳо
0