Осорхонаи миллӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз намоиш омода кардааст

CC BY-SA 3.0 / Ibrahimjon / Национальный музей Таджикистана, архивное фото
Национальный музей Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Имрӯз бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии “Аз Наврӯз то Наврӯз” баргузор мегардад.

Тавре масъулини “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” хабар доданд, дар намоиш ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки давоми як сол бо роҳи харид, туҳфа ва дар натиҷаи корҳои бостоншиносии кормандони Осорхона ба фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба маърази намоиш гузошта мешаванд.

Шаби осорхона дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Шаби осорхона дар Душанбе: намоиш, мастер-класс ва боди-арт

Бино бар иттилои манбаъ, аз Наврӯзи соли гузашта то Наврӯзи соли равон осорхона 3231 адад намунаҳои гуногуни мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ба фонди Осорхона ворид намудааст, ки аз ин миқдор 1882 адади он тавассути комиссияи алоҳидаи Осорхона харидори карда шудааст.

Инчунин,  763 адади он аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомоти гуногун ба Осорхона эҳдо гардида,  1436 адади он ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол масъулини осорхона зикр намуданд, ки намоиши “Аз Наврӯз то Наврӯз” то 2 апрели соли равон идома хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0