Нурсултон Назарбоев, рӯзи 19 март дар муроҷиатномааш ба халқи Қазоқистон қайд кард, ки ин бор муроҷиаташ "масхух" хоҳад буд.
"Муроҷиати имрӯза махсус аст. Бо истеъфо додан аз вазифаи президентии Қазоқистон, ман қарори ғайриоддӣ қабул кардаам. Ман бо он ки нахустин президенти Қазоқистони соҳибистиқлол шудам, аз ҷониби халқи бузургам соҳиби шарафи беҳад гардидам",-гуфт Назарбоев.
Ӯ ёдовар шуд, ки Қазоқистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар чӣ ҳолат буд. Вай қайд кард, ки ба ҳамаи он мушкилот нигоҳ накарда Қазоқистон қисме аз иқтисодиёти глобалӣ шуд.
Ҳамнишини Горбачеву 30 соли роҳбарӣ: аксҳо аз ҷавонӣ то пирии Назарбоев
"Мо бо шумо тавонистем дар рӯи харобаҳои Иттиҳоди ШӮравӣ давлати пешрафта, бо иқтисоди муосир бисозему дар дохили кишвари гуногунмиллат сулҳу субот пойдор намоем",-қайд кард Назарбоев.
Дар ин навор ҳамчунин Нурсултон Назарбоев аз халқи ин кишвар барои дастгирӣ изҳори сипос кардааст.
"Тӯли ин солҳо халқ маро дастгирӣ кард. Дар интихобот ман бештарии овозҳоро сазовор мешудам. Ман аз хизмат ба ватан ва халқам сарфарозам. Сипос ба шумо. Сари таъзим пешатон фурӯ меорам",-гуфт Назарбоев.
Дар баробари ин раисҷумҳури пешини Қазоқистон ваъда дод, ки аз ин ва баъд ҳам ҳамроҳи халқи худ, чун "инсоне, ки ватанашро дӯст медорад", хоҳад буд.
Нурсултон Назарбоев истеъфо дод
Назарбоев гуфт, ки вазифаи кунунии ӯ сари қудрат овардани насли роҳбарикунандае, ки дигаргунсозиро дар Қазоқистон идома диҳанд, мебошад.
Навори муроҷиатномаи Нурсултон Назарбоевро ҳамаи шабакаҳои Қазоқистон намоиш доданд.