Дар донишгоҳи шаҳри Хоруғ "Маликаи наврӯзӣ" интихоб карданд

© Sputnik / Амир ИсаевДевушка в национальном памирском наряде. Архивное фото
Девушка в национальном памирском наряде. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар озмуни "Маликаи наврӯзӣ" ҳашт зебосанам аз факултаҳои мухталифи донишгоҳ ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ беш аз 400 нафар тамошобинон ва 5 нафар аъзои ҳакамон ҷамъ омаданд, то аз миёни 8 нафар донишҷӯён маликаи наврӯзиро интихоб намоянд. Дар ин бора оҷонсии Ховар хабар медиҳад.

Муовини ректор Ниёзалӣ Қамбаров гуфт, ки «панҷ сол инҷониб  дар донишгоҳ озмуни «Маликаи наврӯзӣ» баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, ба фарқ аз солҳои қаблӣ дар озмуни имсола довталабони зиёде  аз факултаҳои мухталиф номзадҳои худро пешниҳод намудаанд ва ҳайати ҳакамон низ аз миёни коршиносони касбии масоили фарҳангӣ  интихоб гардиданд.

Пророщенные ростки пшеницы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон

Дар гузашта бар сари иҷрои ин ё он шарти озмун байни иштирокчиён ва ҳакамон баҳсу мунозира барпо мешуд, аммо ин бор ҳамаи аъзои ҳакамон аз вижагиҳои наврӯзии манотиқи мухталифи кишвар огоҳии комил доштанд. Аз ин рӯ аз баҳои гузоштаи онҳо ҳам маликаҳо  ва ҳам мухлисонашон қаноатманд буданд».

Ба гуфтаи устоди донишгоҳи мазкур, номзади илмҳои филологӣ Аловиддин Шоинбеков, «ҳар як шарте, ки дар назди «маликаҳо» гузошта буданд, хеле табиӣ, заминӣ ва барои ҳар духтар аз манфиат холӣ набуд.

Шартҳое, ки духтарон рӯи саҳна иҷро карданд,  ҳамарӯза бо онҳо дар зиндагӣ дучор омадан мумкин аст. Масалан, пазироии меҳмон ва оро додани дастурхон барои ӯ. Дар назари аввал ин як амали содаву од метобад, аммо меҳмон ба ҳар як ҳаракат, тарзи либоспӯшӣ, шину хез ва гуфтори кадбону таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. 

Лентаи хабарҳо
0