ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Аз 9-ум то 11-уми март дар шаҳри Бангкоки Тайланд 8-умин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика ва роботсозӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 800 нафар хонанда аз 22 давлати дунё иштирок намуд. Дар ин бора равобити умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олимпиадаи мазкур 26 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муаррифӣ карданд.
"Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони тоҷик сазовори 16 медал, аз ҷумла 5 медали тилло, 2 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамзамон, 8 нафар хонанда барои иштироки фаъол дар олимпиадаи мазкур аз ҷониби кумитаи тадорукоти олимпиада бо ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд",-омадааст дар хабарнома.
Бояд зикр намуд, ки дастаи хонандагони Литсейи Президентӣ барои кудакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин олимпиада мақоми аввалро ишғол намуда, бо Шоҳҷоизаи олимпиада (Гран-При) қадрдонӣ гардид.
Маросими пешвозгирии иштирокчиён нимаи дуюми рӯзи 15-уми март дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сурат гирифта, ғолибонро муовини вазири маориф ва илм Л.Назирӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе М.Азизӣ, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма дар сатҳи баланд истиқбол намуданд.
Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хонандагони тоҷик аз аввали соли 2019 дар 4 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 47 медал, аз ҷумла 7 медали тилло, 5 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ гардиданд.