ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо мудири иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) ҷаноби Пол Индербинен ва Ҳайати ХБА таҳти роҳбарии хонум Падамжа Ханделвал, ки бо мақсади омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқоти корӣ анҷом доданд.
Зимни мулоқот тарафҳо вобаста ба ҳамкориҳои судманди Бонки миллӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, навоварию ислоҳот дар низоми бонкӣ, нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ, беҳтар гардидани вазъи молиявии низоми бонкӣ, зарурати таҳким бахшидани асосҳои сиёсати пулию қарзӣ, татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ибрози назар намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар рафти суҳбат изҳор намуд, ки ХБА дар оянда барои баланд бардоштани рушди иқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар тадбирҳои судманд амалӣ хоҳад кард.
Манбаъ қайд намудааст, ки мудири иҷроияи ХБА Пол Индербинен бо мақсади иштирок дар гуфтушунидҳо барои тарҳрезии Барномаи нави ислоҳоти иқтисодии ХБА бори нахуст вориди Тоҷикистон шудааст ва зимни суҳбат аз тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд изҳори назар кард.
Бонки миллӣ қайд намудааст, ки Пол Индербенен манфиат ва ташаббусҳои Тоҷикистонро дар ХБА муаррифӣ менамояд.
Инчунин, зимни мулоқот роҳбари ҳайати ХБА доир ба Тоҷикистон Падамжа Ханделвал, барои омӯзиши вазъи иқтисодӣ ва таъсири омилҳои беруна ба вазъи бозори дохилии асъор, иқтидори содиротии кишвар ва сатҳи воридот, сатҳи таваррум, идоракунии захираҳои байналмилалӣ андеша кард.
Падамжа Ханделвал бо такя ба ислоҳотҳои татбиқшуда дар низом зикр кард, ки айни замон бо кӯшишҳои роҳбарияти кунунии БМТ низоми бонкии Тоҷикистон нисбат ба чанд соли қабл муътадил арзёбӣ шуда, ояндаи наздик устувории он аз эҳтимол дур нест.
Дар анҷоми мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз роҳандозии барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ бо дастгирии ХБА изҳори умед кард.