Музокироти сеюми Бишкек ва Душанбе барои ҳалли муноқиша дар марз

© PixabayКолючая проволока, архивное фото
Колючая проволока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайъати ҷонибҳоро аз Тоҷикистон ноиби сарвазир Азим Иброҳим ва аз Қирғизистон муовини нахуствазири ин кишвар Жениш Разоқов роҳбарӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Имрӯз қисми сеюми музокирот барои ҳалли муноқишаи марзии Қирғизистону Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора оҷонсии Тоҷик.ТА хабар медиҳад.

Қайд мешавад, ки ҳайъати ҷонибҳоро аз Тоҷикистон ноиби сарвазир Азим Иброҳим ва аз Қирғизистон муовини нахуствазири ин кишвар Жениш Разоқов роҳбарӣ мекунанд.

Ҳамчунин интизор меравад, ки дар ин гуфтушунидҳо ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳои наздимарзӣ ва намояндагони Вазорати умури дохилаи ду кишвар ширкат кунанд.

Пограничный пункт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои истироҳат ором гузаштанд: вазъ дар марз аз қавли мақомоти Қирғизистон

Бояд гуфт, ки дар паи ду гуфтушунид ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ашхоси гунаҳкорро ҷазо диҳанду дар марз навбатпоии шабонарӯзӣ ҷорӣ намоянд.

Ҳамчунин тарафҳо маслиҳат карданд, ки гурӯҳи муштараки оперативӣ - тафтишотӣ ташкил диҳад, ки ба таҳқиқи қазия машғул мегардад.  

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои ҷониби Тоҷикистон роҳи Исфара – Ворух ҳанӯз баста буда, қудратиҳои қирғиз барои ҳаракати мошини Кумитаи банйалмилалии Салиби Сурх ба деҳаи дар муҳосирамондаи Ворух низ монеъ шудаанд.

Ба иттилои масъулини шаҳри Исфара, мошини Салиби Сурх, ки ҳомили лавозимоти тиббӣ барои осебдидагони таниши ахири марзӣ дар деҳаи Ворух будааст, аз нисфирӯзи 16 март дар деҳаи Хоҷа Аълои Тоҷикистон дармондааст ва қудратиҳои қирғиз иҷозати ҳаракати онро сӯи Ворух то ҳол надодаанд.

Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар Ворух: аз нахустин ҷарроҳӣ то таваллуд дар муҳосира

Ҷониби Қирғизистон ин амали низомиёнашро то ҳол шарҳ надодааст. Салиби Сурх созмони башардӯстонае мебошад, ки бар пояи меъёрҳои бетарафию беғаразӣ ба осебдидагони даргириҳо кумак мерасонад.

Таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсиро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.

Лентаи хабарҳо
0