Ҷустуҷӯи роҳҳои дигар: ваъдаи Боку ба Тоҷикистон баъди мушкилсозиҳои Туркманистон

© сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ТоҷикистонМулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо ҳамтои озарбойҷонияш Шоҳин Мустафоев
Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо ҳамтои озарбойҷонияш Шоҳин Мустафоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон бо Озарбойҷон дар мавриди ҳамлу нақли бештари бор тариқи қаламрави ин кишвар гуфтушунид дорад

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ин масъала мавзӯи меҳварии мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо ҳамтои озарбойҷонияш Шоҳин Мустафоев буд.

Грузовые автомобили в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон аз Туркманистон талаб дорад, ки далели дармондани фураҳоро шарҳ диҳад

Манбаъ мегӯяд, Мустафоев, яке аз роҳбарони Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ мебошад.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳадафи асосии ин мулоқотро зиёд намудани интиқоли коло тариқи қаламрави Озарбойҷон гуфт.

Ба иттилои манбаъ, ҷониби Озарбойҷон изҳори омодагӣ кардааст, ки барои интиқолдиҳандагони бори Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам орад.  Боку ваъда додааст, ки масъалаи нархгузориҳои арзон барои интиқолдиҳандагони бори Тоҷикистон тариқи роҳҳои оҳану мошингард ва баҳрии Озарбойҷонро баррасӣ мекунад.

Мулоқоти Ҳикматуллозода ва Мустафоев дар ҳошияи анҷумани 7-уми Боку рӯзҳои 13 ва 14 сурат гирифтаст. Ин ҳамоиш ҳамасола бо ташаббуси Маркази байналмилалии ба номи Низомӣ Ганҷавӣ ҳамасола баргузор мегардад.

Тоҷикистон дар ҳоле рӯй ба роҳҳои Озарбойҷон овардааст, ки Туркманистон барои интиқолдиҳандагони бори самти Тоҷикистон мушкил эҷод кард. Қаблан Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ронандаҳои дармонда дар марзи Туркманистон маслиҳат дод, ки аз роҳҳои самти Қазоқистону Озарбойҷон истифода баранд.

Лентаи хабарҳо
0