Созиши Душанбе ва Тбилисӣ барои парвозҳои мустақим - акс

CC0 / Pixabay / ty_yang / В салоне самолета, архивное фото
В салоне самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Гурҷистон барои оғози парвозҳои мустақими ҳавопаймо миёни ин кишварҳо ба мувофиқа расидаанд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистону Гурҷистон дар бораи оғози парвозҳои мустақим ёддошти тафоҳум имзо карданд, хабар додааст Ожонси ҳавонавардии Гурҷистон.

“Ёддошти мазкур масоили техникии марбут ба оғози парвозҳоро то таҳияи созишномаи байниҳукуматӣ ба танзим медарорад”, - омадааст дар иттилоияи Ожонси ҳавонавардӣ.

Бар асоси ин санад, ҷонибҳо ҳақ доранд, як ё зиёда ширкатҳои ҳавопаймоиро барои анҷоми парвозҳо миёни Тоҷикистону Гурҷистон таъин кунанд. Ширкатҳо ҳаққи интихоби масир ба нуқтаҳои гуногуни Тоҷикистону Гурҷистонро хоҳанд дошт.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Ожонси ҳавонавардӣ: “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро аз сар мегирад

Тавофуқот дар мавриди масири нав дар ҳолеянд, ки ахиран Икром Субҳонзода, мудири Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон  аз бозгашти ширкати “Тоҷик Эйр” ба фазои ҳавонавардӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” рӯзи 31-уми март аз сар гирифта мешаванд ва нахустин парвозашро ба Маскав анҷом хоҳад дод

Субҳонзода зикр кард, парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” аз 3 январи соли равон бинобар вазъи молиявии  ширкат муваққатан қатъ гардида буд ва парвозҳои онро ширкати “Сомон Эйр” анҷом медод.

Дар нуқтаҳои чиптафурӯшии Тоҷикистон аллакай аз 11 март фурӯши чиптаҳои “Тоҷик Эйр” барои масири Душанбе – Маскав ва Маскав – Душанбе барои 31 март оғоз гардид.

Масъулини “Тоҷик Эйр” изҳор доштаанд, ки моҳи апрел марҳила ба марҳила парвозҳоро дар дигар хатсайрҳо барқарор хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0