Раисҷумҳур шаҳрванди Узбакистонро авф кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкЗиндон. Акс аз бойгонӣ
Зиндон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Узбакистон, ки соли 2016 дар Озарбойҷон маҳкум шуда буд, авф шуд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бораи авфи шаҳрванди Узбакистон қарор имзо кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

"Бо дарназардошти принсипи гуманизм ва мувофиқи  сатри  22-и моддаи 109-и Конститутсияи Ҷумҳурии Озарбойҷон, қарор мекунам, ки шаҳрванд Аҳмадов Ойбек Саъдуллоевич соли таваллудаш 1986 аз бурдани ҷазо озод карда шавад",-омадааст дар қарор.

Шаҳрванди Узбакистон моҳи августи соли 2016 дар додгоҳи Боку аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Қайд мешавад, ки ӯро барои содири ҷинояти вазнин маҳкум карда будаанд.

Дар умум Илҳом Алиев 431 зиндонӣ, аз ҷумла 14 шаҳрванди хориҷиро авф кард.

Лентаи хабарҳо
0