Кумакхоҳии ВУД барои ёфтани як ҳамсояи муттаҳам ба кӯдакрабоӣ дар Душанбе – видео

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкКамера видеонаблюдения, архивное фото
Камера видеонаблюдения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки барои пайдо намудани марди муттаҳам дар бедаракшавии кӯдаки хурдсол дар Душанбе кумак кунанд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳафтаи равон тариқи телевизиони давлатӣ эълон кард, ки дар бедарак шудани Икроми 9-сола аз Душанбе Зокирҷон Ҷобилови 50-сола гумонбар дониста мешавад.

Ин ниҳод дар охири барномаи иттилоотии “Ахбори ВКД” тариқи телевизионҳои давлатӣ эълон кард, Икром Ҳомидов, соли таваллудаш 2009, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, аз 27 августи соли 2018 то ҳол бедарак мебошад.

Бо иттиҳоми даст доштан дар бедаракшавии ин кӯдак Ҷобилов Зокирҷон Давронович, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди кофтукоб қарор дорад.

Манобеи огоҳ аз қазия мегӯянд, дар навори дурбинҳои назоратӣ дида мешавад, Ҷобилов, ки дар ҳамсоягии ноболиғи гумшуда иқомат мекардааст, ӯро аз пеши хона бо худ бурдааст.

ВУД аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати доштани иттилое дар бораи ин нафар, фавран ба милисаи маҳалли зисти худ, ё тариқи рақамҳои 2 21 21 21 ва 227 98 98 муроҷиат кунанд.

Лентаи хабарҳо
0