ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон пас аз се рӯзи сар шудани танишҳо дар назди маҳалҳои наздисарҳадӣ ором аст, хабар медиҳад ниҳоди марзбонии Қирғизистон.
Аммо тавре сокинони ҷамоати Ворух ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ягона роҳе, ки маркази шаҳрро бо Ворух мепайвандад, роҳи Исфара-Ворух то ҳол масдуд аст.
Роҳи мазкур аз деҳи Оқсойи Қирғизистон мегузарад ва марзбонони қирғиз баъди ҷанҷоли марзӣ онро бастаанд.
Бародари Расоиддин Тешаев, сокини дар пайи задухӯрди марзӣ кушташудаи Ворух бо шунидани марги бародараш аз Русия баргаштааст, аммо вориди деҳаашон шуда наметавонад.
"Ҳилолиддин Тешаев, ки баъд аз шунидани хабари шуми ба ҳалокат расидани бародараш аз Русия баргаштааст, аз бегоҳии дирӯз инҷониб дар деҳаи Хоҷаи Аъло дармондааст ва имкони то Ворух рафтану дар фотеҳаи додараш иштирок кардан надорад", - мегӯяд манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, Sputnik Қирғизистон менависад, ки ҳайъатҳои ду кишвар гуфтушунидҳоро дар бораи ба танзим даровардани вазъ дар сарҳад идома медиҳанд.
Як манбаъ аз шаҳрдории Исфара мегӯяд, "аъзоёни гурӯҳҳои тафтишотии мақомоти корҳои дохилию прокуратура ба Ворух барои таҳқиқи ҳодиса рафтаанд".
Ёдрас мешавем, 15 март аввалин натиҷаҳои гуфтушуниди вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон маълум шуда буд.
Ҷонибҳо барои ташкили гуруҳи муштараки оперативӣ - тафтишотӣ ба тавофуқ расидаанд, ки ба таҳқиқи қазия машғул мегардад.
Созиши дуюми вазирҳо ташкили гуруҳҳои дидбонӣ бо шумули милисаҳои Тоҷикистон Қирғизистон мебошад, ки шабонарӯз навбатдорӣ хоҳанд кард. Ин гуруҳҳо ба таъмини амнияту тартибот ва кумак ба сокинони наздимарзӣ машғул хоҳанд шуд.
Созиши сеюми вазирони умури дохилӣ ин муҷозоти гунаҳкорон мебошад, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотии муштарак муайян хоҳанд шуд ва нисбаташон қарори мунсифона қабул хоҳад шуд.
Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бархе корбарон даро барои кӯч додани занону кӯдакони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ҳадс мезананд. Аммо ҳамсӯҳбати мо ин гуфтаҳоро беасос хонд.
"Мо шоҳиди танишҳои зиёди марзӣ шуда бошем ҳам, боре манзили худро тарк накардаем ва нахоҳем кард", - мегӯяд зан.
Даргирии марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март сар шуд. Сабаби муноқиша сохтмони роҳ дар минтақаи баҳснок гуфта мешавад.
Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ ва 3 шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шудаанд.