Нашри рӯйхати ронандагони ҷаримагурез дар ВКД

© Sputnik / Амир ИсаевДорога в Душанбе. Архивное фото
Дорога в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯйхати 45 ронандаи ҷаримагурезро дар равобити умумиаш нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16 март феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст.

Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

На дороге в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷаримагурезии "Талко Персия" то "Шоҳроҳи Бадахшон": нашри рӯйхат дар ВКД

Аз ҳама бештар як сокини шаҳри Душанбе Мамадалибекова Оламбегим, бо худрави "Опел-Астра" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 71 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

"Опел-Вектра"-и мутаалиқ ба сокини Конибодам Тоиров Зоирҷон 69 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоидаи ҳаракат, ронандаи худрави "Ниссан-Тиида"-и Боздидов Замониддин сокини шаҳри Душанбе, номбар шудааст. Ӯ 52 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Дар миёни ронандагони ҷаримагурез се ронандаи зан ҳам номбар шудааст. 

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 45 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Лентаи хабарҳо
0