ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Овозхони машҳури Русия Юлия Началова рӯзи шанбе даргузашт. Дар ин бора мудири бахши тарғиботии сароянда, Анна Исаева хабар дод.
"Соате пеш дили Юлияамон аз тапиш бозмонд", - навиштааст ӯ дар Instagram.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтае пеш Юлия Началова дар бемористон бистарӣ шуд. Баъдтар намояндаи овозхон хабар дод, ки Юлия дар яке аз беморхонаҳои Маскав ташхиси умумӣ мегузарад.
Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта бошад, пои Юлияро ҷарроҳӣ карданд, ки дар паи он хунравии беист ба амал омадааст.
Юлия соҳиби духтарчаи 12-сола Вера аст. Вера духтари Юлия ва футболбоз Евгений Алдонин, ки соли 2011 аз ҳам ҷудо шуда буданд, мебошад.
Ю́лия Началова 31 январи соли 1981 дар Воронеж ба дунё омадааст.