ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи аз ҷониби кормандони ниҳод дастгир шудани ронанадаи фирорие дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ВУД муайян кардааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "РЕНДЖ-РОВЕР", шаҳрванд С.Ҳамдамов истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан ва мусофири автомашинаи мазкур шаҳрванд У.Абдулқосимов истиқоматкунандаи ҳамин шаҳр, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.
"Ронанда Ҳамдамов ҳангоми ҳаракат аз самти Бонки "Эсхата", воқеъ дар рӯ ба рӯи ошхонаи "Фарзона", бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Ч.Қаюмоваи 42 солаи истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷандро, ки корманди ошхонаи мазкур мебошад, ки аз самти рости роҳ ба чапи роҳ мегузашт пахш намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд", - тавзеҳ медиҳад ВУД.
Бино бар иттилои ниҳод, Ҳамдамов дастгир шуда, тафтишот идома дорад.
Ниҳод вазъи саломатии корманди ошхонаи "Фарзона" -ро тавзеҳ надодааст.