Душанбе, 15 мар-Sputnik. Сокинони деҳаҳои наздимарзии Оқ-Сой ва Кӯк-Тош дар пайи ҷанҷоли марзӣ ба Ботканд кӯчонида шуданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ин дар ҳолест, ки гуфтушунидҳои ҳайъатҳои Тоҷикистону Қирғизистон идома доранд.
"Гуфтушунидҳо шоми 14 март дар деҳаи Кӯк-Тоши ҷамоати Оқ-Саройи ноҳияи Ботканд тақрибан як соат давом карданд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Ҳайъати Тоҷикистонро муовини сарвазири кишвар Азим Ибориҳим ва ҳайъати Қирғизистонро Ҷаниш Разақов, муовини сарвазири кишвар роҳбарӣ мекунанд.
"Дар рафти гуфтушунидҳо тамоми масъалаҳои доғ баррасӣ шуданд", - менависад манбаъ.
Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар додааст, ки шоми 14 март, соатҳои 21:00 сокинони деҳаи Оқ-Сой ва Кӯк-Тош ба воситаи автобус ва худравҳо ба шаҳри Ботканд интиқол дода шуданд. Онҳоро дар мактаб ва яке аз хонаҳои кӯчаи Айтматов ҷой додаанд.
"Мақомоти маҳаллӣ ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд", - афзудааст дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон.
Ёдрас мешавем, ҷанҷоли байни сокинони марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 13 март оғоз шуд.
Шоми 14 март Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон пас аз як ҷанҷоли дигар дар марз вазъро мураккаб хонда, шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишварро дар дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ муҷрим гуфт.
Ёдрас мешавем, дар пайи ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон - сокинони ҷамоати Чоркӯҳ ва Ворух қурбон шуданд.