Ожонси зидди фасод аз боздошти муфаттиш, майори милиса Фурқат Муродов хабар дод

© Sputnik / Амир ИсаевМилиционеры в Душанбе, архивное фото
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муфаттиши шуъбачаи тафтишоти Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ба қаллобӣ дар ҳаҷми 12 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад

Душанбе, 15 мар-Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти муфаттиши шуъбачаи тафтишоти Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, майори милитсия Муродов Фурқат ба иттиҳоми қаллобӣ хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, майори милиса зимни баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Набиев М.Т. дар суди шаҳри Бӯстон барои аз тарафи суд таъин намудани ҷазои сабук ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 12 000 сомонӣ аз Набиев М.Т. талаб намуда гирифтааст.

"Вобаста ба ин ҳолат нисбати Муродов Ф.Н. бо аломатҳои моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванлаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд", - менависад манбаъ.

Урок в школе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
500 доллар бар ивази шаҳодатномаи таҳсилоти миёна: мудири мактаб дастгир шуд

Тафтишоти пешакии қазия идома дорад.

Пештар ожонс аз боздошти директори мактаби  №10, ноҳияи Восеъро баро фурӯхтани  шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи умумӣ хабар дода буд.

Давлатова Ҷамиламо Муминовна, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, ноҳияи Восеъ, санаи 22 ноябри соли гузашта аз шаҳрванд Набиева Моҳинав Ҷабборовна барои ба номи Набиева Муборак Неъматовна бидуни хатми муассиса тайёр карда додани шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба сифати пора 500 доллар талаб карда гирифт.

Номбурда боз такроран бо ҳамин тарзу усул моҳи ноябри соли 2018 аз шаҳрванд Самиева Саёҳат маблағи 400 доллар ва моҳи декабри соли 2018 аз шаҳрванд Саидова Мунавара маблағи 4500 сомонӣ ба сифати пора гирифта, ба номбурдагон шаҳодатномаҳои қалбакии хатми мактабро тайёр карда додааст.

Алайҳи зан парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0