ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Жениш Разаков мегӯяд, роҳи Оқсой -Тамдиқ дар қаламрави Қирғизистон қарор дорад ва давлат онро хоҳад сохт, хабар додааст Sputnik Қирғизистон.
Разаков инчунин азми ду ҷонибро барои ҳалли таниш таъкид карда, афзудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ афроди моҷароҷӯй нестанд. Ӯ изҳори боварӣ намудааст, ки ду давлат ба тавофуқ хоҳанд расид.
Дар даври дуюми музокирот шартҳои ҷониби Қирғизистон баррасӣ шудаанд, аммо Разаков ҷузъиёти онро ироа накарда, танҳо изҳор доштааст, ки ҳамаи тасмимҳо бояд ба манфиати тарафайн бошанд.
“Ин масъала имрӯз пайдо нашуда, собиқаи беш аз 20-30-сола дорад. Сабаби таниш ин сохтмони роҳи Оқсой – Тамдиқ мебошад. Ман бар инам, ки ин роҳ дар ҳудуди Қирғизистон аст ва мо онро то охир бунёд хоҳем кард. Ин роҳ сохта шуда истодааст, то дар ҳолатҳои муташанниҷ шудани вазъ як роҳи алтернативӣ вуҷуд дошта бошад. Инчунин масъалаи истихроҷи шағал баррасӣ шуд. Феълан муҳим аст, ки аз ҳар ду ҷониб барои муташанниҷ шудани вазъ иқдоме сурат нагирад ва аҳолӣ ба ҳамдигарфаҳмию ҳалли мушкилиҳо даъват карда шавад”, - иттилоъ додааст Sputnik Қирғизистон аз қавли Разаков.
Ӯ афзудааст, ки феълан корҳо барои барқарорсозии ҳаракат дар роҳҳо сурат гирифта истодаанд ва рафтуомади сокинон аз Лейлак ба Бодканд бемонеа идома дорад.
Ин иддаои роҳбари ҳайати Қирғизистон дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон идомаи сохтмони роҳи Коктош – Оқсой – Тамдиқро хилофи қарордоди дуҷониба хондаанд ва он бояд то аломатгузории марз мутаваққиф мешуд.
Ба иттилои мақомоти марзбонии Тоҷикистон, таниши ахир 13 март баъди он оғоз шуд, ки сокинони Қирғизистон дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи “Коктош-Оқсой-Тамдиқ”-ро оғоз намуд ва ин боиси норозигии сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара шуд.
Мақомоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканд, шаҳрванди Қирғизистон Роза Усарова мебошад, ки иқдоми худро бо мақсади ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло ба роҳ мондааст.
“Таҳлили воқеаҳои охир нишон медиҳад, ки Роза Усарова аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад”, - таъкид шуда буд дар изҳороти мақомоти тоҷик.
Дар пайи ин танишҳо аз тири марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистон 2 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, чандин нафар маҷруҳ шудаанд. Теъдоде тоҷикистониёне, ки бар асари сангзанӣ аз ҷониби қирғизҳо маҷруҳ шуданд, даҳҳо нафар арзёбӣ мегардад. Вазорати тандурустии Қирғизистон шумораи шаҳрвандони осебдидаи ин кишварро дар танишҳо 3 нафар гуфтааст.
Ахиран ҷонибҳо созиш кардаанд, ки барои таҳқиқи қазия ва муҷозоти гунаҳкорон гуруҳи муштараки оперативӣ – тафтишотӣ ташкил карда шавад.