Харидории сад автобуси чинӣ барои интиқоли муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ ба Русия

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкПрезентация китайского электробуса в Москве
Презентация китайского электробуса в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Автобусҳоро, танҳо ронандагоне, ки тариқи озмун ба кор қабул мешаванд, идора мекунанд

ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Корхонаи"Узавтотранс сервис"-и Узбакистон аз корхонаи Zhengzhou Yutong Bus-и Чин 100 автобуси мусофирбар харидорӣ кардааст. 

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Узбакистон ин автобусҳо барои интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ИДМ ба Русия, Қазоқистон  ва баръакс пешбинӣ шудаанд.

"Аз корхонаи Zhengzhou Yutong Bus-и Чин сад автобуси мусофирбар харидорӣ шуда, ки барои ҳаракат дар самти Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ, миёни муҳоҷирони меҳнатӣ серталаб хоҳад буд",-гуфт раиси Вазорати нақлиёти Узбакистон.

Экзамен по русскому языку для мигрантов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷирони маъюбро аз супоридани имтиҳони забон ва таърих озод мекунанд

Ба гуфти ӯ ин автобусҳоро 120 ронанда, ки тариқи озмун қабул шудаву аз курси вижаи ронандагии ҳаракат дар роҳҳои байналмиллалӣ гузаштаанд, идора хоҳанд кард.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Узбакистон ин автобусҳо ба нархи 20 миллион доллар харидорӣ шудаанд.

Айни замон ин автобусҳо ба Нижний Новгород, Қазон, ҳафт шаҳри Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон мусофиркашонӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0