Душанбе, 15 мар-Sputnik. Имрӯз, 15 март дар пойтахт Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум ба кори худ оғоз намуд, иттилоъ медиҳад "Ховар".
Интизор меравад, дар иҷлосия ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе пешниҳод ва масъалаҳои мубрам, аз ҷумла нақлиёти пойтахт баррасӣ шаванд.
"Дар иҷлосия дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе дар соҳаи тандурустӣ қарорҳои дахлдор қабул мегардад", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Ҳамчунин, ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди истифодаи нақлиёти умум, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №12 ва №38 ва дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе мавриди баррасии вакилон қарор мегиранд.