Додситонҳои Тоҷикистон имрӯз ид доранд

Обуна шудан
Кормандони мақомоти додситонӣ, ё худ прокуратураи Тоҷикистон имрӯз 14 март иди касбӣ таҷлил мекунанд. То соли 2015 ин ид 14 декабр таҷлил мегардид

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон, 14 марти соли 1992 се санади ҳуқуқии барои ин ниҳод  тақдирсоз қабул гардид.

По словам местных жителей в этих холмах Энвер-паша встретил свою смерть - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти марду зан барои пулгирӣ бо ваъдаҳои бардурӯғи додани замин дар Душанбе

Аз ҷумла, дар ин рӯз ба Конститутсияи Тоҷикистон тағийрот ворид карда шуда, мутобиқи он мансаби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Манбаъ афзуд, инчунин муқаррар шуд, ки прокурори  генералӣ бо розигии раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби Шурои Олӣ таъин карда шуда, дар назди он масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Ҳамчунин 14 март бо Қарори Шурои Олӣ, лоиҳаи қонун “Дар бораи Додситонии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар хониши аввал қабул гардид, ки он вазифаҳо, принсипҳои ташкил, фаъолият, низом, сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти прокуратураи Тоҷикистонро муайян менамуд, иттилоъ дода шудааст дар сомона.

Манбаъ таъкид кардааст, ки бо дарназардошти аҳамияти ин руйдодҳо дар ҳастии прокуратураи мамлакат, 14 марти соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳисобида шуда, 8 августи соли 2015 ба қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 14 март Иди касбии кормандони прокуратура эълон карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0