Ҳушдори шаҳрдории Душанбе аз роҳбандии чорсоата дар рӯзи марафони велосипедронӣ

© Sputnik / Амир ИсаевНа дороге в Душанбе, архивное фото
На дороге в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 16 март дар шаҳри Душанбе ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то собиқ дидбонгоҳи БДА "Чорбоғ" қатъ мешавад

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Шаҳрдории Душанбе аз роҳбандии чорсоата дар рӯзи баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ хабар додааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ  расонадааст, ки роҳбандӣ тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2019 дар робита ба баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ сурат мегирад.

"Дар робита ба баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии "Наврӯз" дар шаҳри Душанбе ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то собиқ дидбонгоҳи БДА "Чорбоғ" санаи 16 марти соли 2019 аз соати 700 то 1100 қатъ карда мешавад", -менависад манбаъ.

Аз ронандагон воситаҳои нақлиёти автомобилӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз дигар кӯчаю хиёбонҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе истифода баранд. 

Лентаи хабарҳо
0