Обуҳавошиносон: дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

© © Sputnik / Амир ИсаевЦветущий город Душанбе, архивное фото
Цветущий город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво  шабона 3-5  ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 2-7 ва рўзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 0-5 ва дар баъзе  то 8- 13 дараҷа  сард мешавад.  Рўзона ҳаво  4-9 дараҷа  гарм мешавад.

Снегопад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 3-8 дараҷа сард  шуда, рӯзона  2-7  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   16-21  ва дар мавзеи Булункӯл то 31-33  дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 2-7  ва  рӯзона 16-21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда,  рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10  ва рӯзона 18-23  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда,  рӯзона 11-16 дараҷа гарм  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0