Ваъда додӣ - вафо кун: Фирӯза Ҳафизова дар Маскав консерт мегузорад

© Sputnik / Амир ИсаевФируза Хафизова
Фируза Хафизова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони тоҷик чанд моҳ пеш, пас аз "ҷанҷол"-и ҷарима шуданаш, ваъда дода буд, ки дар посух ба дастгириҳои муҳоҷирон барояшон дар Маскав як консерт баргузор мекунад. Дертар дар бораи муҳоҷират як тарона ҳам суруд

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Овозхони тоҷик Фирӯза Ҳафизова дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад.

Консерти ҳунарманд рӯзи 31 март дар маркази фарҳангии "Вдохновение" баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар назар аст дар барнома намоиши мӯд низ баргузор карда шавад.

Консерт дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Маскав ташкил карда мешавад.

Ёдрас мешавем, чанд моҳ пештар исми Фирӯза Ҳафизова пас аз ҷарима шудан, дубора дар сархатти хабарҳо қарор гирифт. Як навор дар интернет, ки дар он ҳунарнмад зодрӯзашро таҷлил мекард, боиси ба 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданаш гардид.

Худи овозхон дертар ин қазияро шарҳ дод ва ба мухлисонаш, ки ӯро дар ин вазъият дастгирӣ карданд, изҳори миннатдорӣ кард.

Ҳафизова ваъда дода буд, ки махсусан барои мухлисони муҳоҷираш дар Русия як консерт баргузор мекунад. Дертар дар бораи ғарибӣ як тарона ҳам хонд.

Лентаи хабарҳо
0