"Рейд": боздошти фаъолияти 7 соҳибкор, аз ҷумла як зан барои истифодаи ғайриқонунии барқ

© ВУД ТоҷикистонСоҳибкорон дар шаҳри Турсунзода ба истифодаи ғайриқонунии барқ муттаҳам мешаванд
Соҳибкорон дар шаҳри Турсунзода ба истифодаи ғайриқонунии барқ муттаҳам мешаванд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афзун бар ин соҳибкорон ба "оддитарин меъёру талаботҳои қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва санитарӣ – эпидемиологӣ риоя намекардаанд"

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар пайи як амалиёт дар шаҳри Турсунзода алайҳи  7 соҳибкор, аз ҷумла як зан барои истифодаи ғайриқонунии барқ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, фаъолияташон муваққатан боз дошта шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, аз ҷониби мутахассисони ВКД дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр, муайян карда шуд, ки соҳибкор Примов Ҳамдам Ниязкулович, соли таваллудаш 1962, дар нонвойхонаи хусусиаш воқеъ дар кӯчаи Ҳабиб Юсуфӣ 10-и шаҳри Турсунзода, бо истифода аз спиралҳои баландшиддати барқӣ, ғайриқонунӣ ба фаъолияти нонпазӣ машғул мебошад.

"Илова бар ин, дар ҳудуди нонвойхона оддитарин меъёру талаботҳои қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва санитарӣ – эпидемиологӣ риоя карда намешаванд", - менависад манбаъ.

Чунин як далели дигари истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ бо истифода аз спиралҳои баландшиддати барқӣ дар дӯкони нонпазии соҳибкор Маҳмадқосим Абдувалиев, соли таваллудаш 1955, воқеъ дар кӯчаи Парпӣ Тоҷиев 53 ошкор карда шуд.

"Далелҳои масрафшавии зиёди қувваи барқ ва дар сатҳи зарурӣ риоя нашудани оддитарин меъёру талаботҳои қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва санитарӣ – эпидемиологӣ дар осиёбу сехҳои коркарди шолӣ ва пахтазанакҳои соҳибкорон Ҳабибулло Разоқов, Алиҷон Яқубов, Акмал Шоназаров ва Маҳмадназар Холов, воқеъ дар ҷамоати деҳоти 10- солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода ҳам ошкор карда шуданд", - афзудааст ВУД Тоҷикистон.

Ҳамин гуна як ҳолати дигари сарфи зиёди нерӯи барқ ва риоя нашудани оддитарин меъёру талаботҳои қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва санитарӣ – эпидемиологӣ дар осиёбу сехи коркарди шолии соҳибкорзан Ҳамида Шарипова низ воқеъ дар шаҳраки 1-уми шаҳри Турсунзода, ошкор гардидааст.

Впазорат таъкид мекунад, ки нисбати соҳибкорони номбурда, ки дидаву дониста ба қоидавайронкуниҳо роҳ додаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, интиқоли нерӯи барқ ба дӯкону корхонаҳои онҳо қатъ гардонида шуда, фаъолияташон муваққатан боз дошта шуд.

Лентаи хабарҳо
0