ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Фелалиев дар Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Работи шоҳигарии Марокаш гуфт, аз сиёсатҳои духӯра дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ бояд канорагирӣ шавад.
“Ягон давлати дунё бо терроризм ва экстремизми ҷаҳони муосир наметавонад дар танҳоӣ истодагарӣ намояд. Маълум аст, ки терроризми байналмилалӣ дину мазҳаб ва миллату сарҳад надорад”, - таъкид кардааст муовини раиси Маҷлиси намояндагон.
Ӯ бо таассуф илова намудааст, ки доираҳои муайяни сиёсиву сиёсатмадорон ба татбиқи сиёсати “меъёрҳои духӯра” даст зада, аз номи поки дини мубини Ислом сӯиистифода менамоянд. Фелелиев чунин иқдому сиёсатҳои духӯраро хатарзо хондааст.
Вай зикр кардааст, ки қазияи Фаластин ва баҳсҳо атрофи Байтулмуқаддас имрӯз дар ҳама сатҳҳо садо медиҳанд.
“Тоҷикистон аз ҳамаи кӯшишҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба таҳким ва пойдории сулҳу субот дар Ховари Миёна ва вусъати раванди музокирот оид ба танзими вазъи минтақа равона гардидаанд, дастгирӣ мекунад”, - таъкид намудааст Фелалиев.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, қарорҳое, ки дар ҷаласа қабул мешаванд, ба таҳкими ҳамкориҳо дар доираи СҲИ дар бахши ҳалли низоъҳои мавҷуда ва пешгирии баҳсу мухолифатҳои имконпазир мусоидат мекунад.