Ба тақдири вилоят бетараф набошед: дархости Ёдгор Файзов аз бадахшониёни бурунмарзӣ

© Россия для всехДиректор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов аз тоҷикони бурунмарзии вилоят хоҳиш кардаст, ки дар рушди зодгоҳашон бетараф набошанд ва саҳм гузоранд

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар муроҷиатномаи расмие аз бадахшониёни бурунмарзӣ хоҳиш кардааст, ки дар рушди вилоят бетараф набошанд.

Файзов гуфтааст, ки ҳарчанд аз ҷониби Ҳукумат барои рушди минтақа тамоми чораҷӯиҳо амалӣ мешаванд, вилоят ба дастгирии фарзандони худ ниёз дорад.

Ӯ ваъда додааст, ки роҳбарияти вилоят соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард.

Мтани муроҷиатномаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба сокинони бурунмарзии Бадахшон.

Ҳамватанони азиз, фарзандони Тоҷикистон - зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Пеш аз ҳама иҷозат диҳед, ба Шумо барои кори самаранок  ва дастгирии наздиконатон изҳори миннатдорӣ кунам.

Фидокориву ватандӯстдории шумо барои насли наврас доим намунаи ибрат хоҳад буд.

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Файзов ба мансабдорон: ҳақиқатро ба мардум гӯед, бардурӯғ умедвору саргардон накунед

Дар куҷое набошем, албатта ҳеҷ гоҳ ватани худро фаромӯш намекунем. Ҳамватанони мо, ки берун аз вилоят ва кишвари худ зиндагӣ мекунанд, корҳои бисёреро барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ анҷом медиҳанд.

Имрӯз, ки минтақа дар вазъияти мушкил қарор дорад, шумо имконият доред, барои кӯмак дар рушд ва гулгулшукофоии вилоят кӯмак кунед.

Ҳоло Ҳукумати кишвар барои тезонидани раванди рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят чораҷӯиҳои зиёде мекунад - таъмир ва тармими роҳҳои мошингард идома дорад, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд, барои азхудкунии конҳои фоиданок тендер эълон карда шудааст, ки дар навбати худ садҳо ҷойҳои кории дигар ташкил мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, вилоят ба дастгирии фарзандони худ - ба нафароне, ки бурун аз ВМКБ қарор доранду тавонистаанд ба шарофати дониш ва малакаи худ, ба дастовардҳои бузург ноил шаванд ниёз дорад.

Ман аз шумо, ҳамватанони азиз хоҳиш мекунам, ки дар тақдири вилоят бетараф набошед.

Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Файзов ба раиси шаҳри Хоруғ: ба доди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ расед

Аз имкониятҳои худ дар рушди деҳаҳоямон, ки ҳамаи мо дар он зода ва калон шудаем, дастгирии барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба минтақа кӯмак кунед.

Феълан дар кишвар барои амалигардонии тиҷорати хусусӣ дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, ки дар ҳудуди ВМКБ ҷойгир шудаанд, рушди сайёҳӣ, нақлиёт, ҳунармандӣ, хизматрасонии маишӣ, мактабҳои хусусӣ, марказҳои саломатӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Роҳбарияти вилоят омода аст, ки дар ин кори нек, кӯмак ва дастгирии лозима расонад.

Биёед, дар куҷое набошем, ба хотири ояндаи рӯшани фарзандонамон, барои рушди кишвар ва миллати худ меҳнат кунем.

Лентаи хабарҳо
0