Мусобиқаи мазкур бо ибтикори ташкилоти ҷамъияти "Нур" ташкил шудааст.
Дар спартакиадаи мазкур беш аз 300 ҷавондухтарон ва занони тоҷике, ки дар Русия ба сар мебаранд, иштирок намуданд.
Занон дар намуди варзишҳои волейбол, баскетбол, тенниси рӯи мизӣ, варзиши сабук, дзюдо, шоҳмот, шашка, нард, дастхобонӣ ва танобкашӣ рақобат карданд.
“Бо ҷалби занон ба мусобиқаҳои варзишӣ, кӯшиш дорем онҳоро аз доираҳои маҳдуди оила ва ҳамшаҳриҳояшон берун кашем. Иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ба занон имкон медиҳад дилпур шаваду ба худ боварӣ пайдо кунад. Мо хоҳони онем, ки занони мо худро танҳо ҳис накунанд ва фикр накунанд, ки аз ҷомеа дур ҳастанд”, -гуфт Алимамад Баймамадов.
“Мо аз шумораи иштироки занон ва сатҳи омодагии онҳо ба ҳайрат омадем. Дар оянда тасмим дорем ҷуғрофиёи спартакиадаро васеътар кунем. Мехоҳем чунин мусобиқаҳоро на танҳо дар рӯзи 8 март баргузор намоем, балки то ҳадди имкон дар дигар рӯзҳо низ ташкил кунем”, - эълон кард раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Анзор Назархудоев.
“Мусобиқаи ҷолиб дар даври ниҳоии волейбол сурат гирифт. Ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки тими ҷадиди “Рӯшноӣ” (Рассвет) ба финал роҳ ёбад ва бо дастаи касбии “Рубин” рақобат намояд. Мусобиқаи ҷолиби дигар танобкашӣ буд. Бисёр мусобиқаи ҷолиб буд”, - афзуд сухангӯи ҷамъияти “НУР” Карамшо Мамаднасимов.
Ҳар як варзишкори зан бо як даста гул қадрдонӣ шуд.
Заноне, ки дар мусобиқаҳо пирӯзи ба даст оварданд бо медалу сипоснома қадрдонӣ шуданд.
Спартакиада бо барномаи фарҳангии идона хотима ёфт.