ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, муттаҳам Холмурод Абдурозиқов, нозири корҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Хатлон, аз як маҳкумшуда 1000 сомонӣ пора талаб кардааст.
Манбаъ афзуд, ба ин ниҳод шаҳрванд “А” муроҷиат карда, арз доштааст, ки Холмурод Абдурозиқов аз ӯ барои барои дар рӯзҳои муайян ҳозир нашудан, ки талаботи ҷазои ҷиноятияш мебошад, 1000 сомонӣ пора хостааст.
Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки Абдурозиқов аз маблағи талабкардааш 4 январи соли равон 3000 рубли русӣ баробар ба 420 сомониро гирифта, овардани 580 сомонии боқимондаро талаб намудаст.
Ожонс иттилоъ дод, ки масъули иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳангоми гирифтани 580 сомонии боқимонда дастгир карда шуд.
Ин ниҳод афзуд, далели шайъӣ аз Абдурозиқов мусодира шуда, алайҳи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.
“Баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятии мазкур барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва фиристодани ба суд ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шудааст”, - омадааст дар иттилоияи Ожонс.