ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа 8-10 март дар Марокаш баргузор шуда, дар миёни 440 варзишгар 3 паҳлавони тоҷикистонӣ низ ҳунарнамоӣ карданд.
Манбаъ изҳор дошт, ки Темур Раҳимов қувваозоиро аз даври дуюм шуруъ карда, бар варзишгари Нидерландия Ҷур Спикерс ғалаба кард. Аммо дар даври сеюм аз паҳлавони Олмон Свен Ҳенлӣ, ки ғолиби вазни +100 кило гардид, шикаст хӯрд.
Темур Раҳимов баъдан дар қувваозмоии дигар бар намояндаи Тунис Файсал Ҷаббуллоҳ ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Руминия Владут Симионеску пирӯз гардид.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки ду варзишгари дигари тоҷик - Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни то 73 кило ва Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.