ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Сокинони навоҳии Тоҷикистон мегӯянд, беш аз як ҳафта нерӯи барқро бо маҳдудият мегиранд. Ба гуфтаи истиқоматкунандагони навоҳии тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон, аз соати 11-12-и шаб то 6-и субҳ ва рӯзона аз 9 то 17:00 интиқоли барқ ба навоҳӣ қатъ карда мешавад.
Дар сомонаи “Барқи тоҷик” таъкид шудааст, ки суоли шаҳрвандон дар мавриди маҳдудияти интиқоли барқ ба баррасӣ гирифта шудааст, аммо посухе ҳанӯз ироа нагардидааст.
Ин дар ҳолест, ки тирамоҳи гузашта низ чунин маҳдудият ҷой дошт ва масъулини “Барқи тоҷик” онро ба тармим дар шабакаҳои барқ рабт дода буданд. Тирамоҳи гузашта яке аз сабабҳои маҳдудияти интиқоли барқ, зарурати захираи об барои оғози кори чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” арзёбӣ мешуд. Фаъолсозии чархаи дуюми нерӯгоҳ моҳи апрел дар назар аст.
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон иттилоъ дода шуд, ки тавлиди барқ дар нерӯгоҳи “Роғун” мутаваққиф ва сатҳи об дар обанбори он поин оварда шудааст.
Масъулини НБО “Роғун” ин амалро раванди муқаррарии профилактикӣ гуфта, таъкид карданд, ки корҳо дар “Роғун” тибқи нақша ва зери назорати роҳбарияти кишвар идома доранд. Мусоҳиби Sputnik гуфт, баъди анҷоми корҳои иловагӣ оби обанбор то сатҳи зарурӣ боз пур карда мешавад ва интизор меравад, ки моҳи апрел чархаи дуюми нерӯгоҳ мавриди истифода қарор дода шавад.