Сафир - овозхон: Ҳю Филпотт таронаи "Муҳаббат"- ро бозхонӣ ва занони тоҷикро мафтун кард

© Facebook / British Ambassador Hugh PhilpottПосол Великобритании в Таджикистане Хью Филпот в галстуке от таджикского дизайнера Хуршеда Сатторова
Посол Великобритании в Таджикистане Хью Филпот в галстуке от таджикского дизайнера Хуршеда Сатторова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Британия ва Ирландия дар Тоҷикистон занони тоҷикро ба муносибати иди бонувон бо иҷрои таронаи номии "Муҳаббат" шодбош гуфт ва боиси пазироии гарми онҳо шуд

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Сафорати Британия дар Тоҷикистон дар саҳифаи Фейсбук рӯзи 8-уми март навори сурудхонии сафир Ҳю Филпоттро нашр карда, навиштааст, ки "табрикоти самимии сафири Британияи Кабир Ҳю Филпотт ба муносибати Рӯзи модарон ва бонувон".

Дар он ҷаноби сафир Филпотт таронаи номии тоҷикии "Муҳаббат"-ро бозхонӣ мекунад.

Корбарони Фейсбук аз ин иқдоми нобаҳангоми сафир, изҳори сипосгузорӣ кардаанд. Онҳо аз Ҳю Филпотт тавсиф намуда, гуфтаанд, ки "аз беҳтарин дипломатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон аст".

"Шумо тамоми тоҷикистониёнро мафтун кардед", - навиштааст яке аз корбарон.

"Хело хуб иҷро кардед, офарин", - менависад дигаре.

Мулоқот бо Сафири Британияи Кабир - Sputnik Тоҷикистон
Аслов бо сафири Бритониё дар чӣ бора сӯҳбат кард

"Бори аввал чунин сафирро мебинам, инсони накӯ ва фаъол аст, мо дар кишвар дигар чунин сафир надорем", - менависад зане.

Ёдрас мешавем, ин бори аввал нест, ки номи Филпотт дар расонаҳои кишвар пас аз таъин шуданаш ба мақоми сафирӣ дар Тоҷикистон расонаӣ мешавад.

Пештар аз дучархасавории ҷаноби Ҳю дар роҳ то ба ҷойи кор тавсиф карда буданд.

Соли гузашта сафир дар ҷашни Наврӯз тоҷикистониёнро бо қироати шеъри тоҷикӣ муборакбод гуфт. Сафир аз либосҳои милии тоҷикӣ низ истифода мекунад.

Лентаи хабарҳо
0