Рӯзи 8-уми март зани ҷавоне дар Исфара ба иттиҳоми даллагӣ боздошт шуд

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зан 7-уми март зану марди бегонаеро бо мақсади муносибатҳои маҳрамона бо ҳам шинос карда, барои ин "хизматаш" 300 сомонӣ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 8-уми март кормандони ниҳод дар шаҳри Исфара зани 38-солаеро ба иттиҳоми даллагӣ боздошт карданд.

Гуфта мешавад, зан мардону занони бегонаро барои муносибатҳои маҳрамона шинос карда, аз онҳо пул мегирифтааст.

"Чунончӣ,  07.03.2019 сол, марди 34 солаи истиқоматкунандаи шаҳри Исфараро бо зани 22 солаи истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос намуда, аз онҳо ба маблағи 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст", - менависад манбаъ.

Мақомот қазияро тафтиш мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0