Қироати шеъри Рӯмӣ ва саломи тоҷикӣ: паёми сафири нави Амрико дар Тоҷикистон -Навор

Обуна шудан
Ҷон Марк Поммершайм, сафири нави Амрико дар Тоҷикистон, қабл аз сафараш ба Душанбе нахустин паёми видеоии худро нашр кард

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ҷон Марк Поммершайм паёмашро бо забони тоҷикӣ оғоз кард ва гуфт, хушҳолам, ки дар сарзамини меҳмоннавози тоҷикон ба ҳайси сафири Амрико кор хоҳам кард.

Паёми Ҷон Марк Поммершаймро рӯзи 7 март сафорати Амрико дар Душанбе дар саҳифааш дар Фейсбук интишор кард.

Ҷон Марк Поммершайм, дар паёми худ қайд намудааст, ки 29 сол мешавад, ки ба ҳайси дипломат фаъолият мекунад.

Вай гуфт ҳамроҳ бо ҳамсараш Наталия ва се писараш дар Русия, Белорус, Чин, Ҷопон, Олмон ва Қазоқистон зиндагӣ ва кор кардааст. 

“Вазифаи ман, ҳамчун саири Амриков дар Тоҷикистон тақвият бахшидани ҳамкориҳҳо дар соҳаи тиҷорат, кишоварзӣ, тандурустӣ, амният, маориф, таҳкими робитаҳои байниҳамдигарӣ ва таъмини волояти қонун мебошад”, - таъкид намуд Ҷон Марк Поммершайм.

Посол США на передала 1300 книг от жителей Боулдера и Денвера - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Амрико ба забони тоҷикӣ шеър хонд: тақдими китоб аз ҷониби ИМА

Вай инчунин таъкид намудааст, ки хеле хушҳол аст, ки ба ҳайси сафири Амрико дар Тоҷикистон интихоб шудааст ва бесаброна интизор аст ҳамроҳ бо ҳамсараш Наталия бо табиати ҳайратангези ва фарҳанги бойи Тоҷикистон ошно шавад.

Сафири нави амрико дар Тоҷикистон зикр намудааст, ки пеш аз ба Тоҷикистон омаданаш омӯзиши забони тоҷикӣ оғаз кардааст ва дар бораи меҳмоннавозии ва адабиёти пурҳикмати тоҷикон маълумоти зиёде гирифтааст.  

Ӯ дар паёмаш мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳатман кӯҳнавардӣ хоҳад кард ва оши палави тоҷикиро хоҳад чашид.

“Бо аҳли оилаам умедвори онам, ки ба сеёҳати кӯҳӣ машғул шуда ва аз хурдани оши палови маъруф дар иҳотаи дӯстони тоҷикам, ҳангоми сафарҳоям ба шаҳру ноҳияҳои ин кигшвар ҳаловат мебарам”, - гуфт вай.

Дар анҷоми паёмаш Ҷон Марк Поммершайм густариши равобитро ба манфиати халқҳои ҳарду кишвар номида, паёмашро бо як мисраи Ҷалолиддини Румӣ “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст” анҷом дод.

Посольство США передает ГКНБ РТ наземное радарное оборудование на сумму 3,8 миллионов долларов - Sputnik Тоҷикистон
Амрико ба КДАМ таҷҳизоти амниятӣ бо арзиши 3,8 миллион доллар тақдим кард

Ёдрас мешавем, ки Ҷон Марк Поммершейм дар роҳбарии сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Ковертро иваз мекунад.

Ҷон Марк Поммершейм дипломати касбӣ буда, соҳиби мақоми консул аст ва аз соли 1990 дар низоми сиёсати хориҷии Амрико кор мекунад. Ӯ ахиран муовини роҳбари намояндагии сафорати Амрико дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон буд.

Поммершейм қаблан дар консулгарии Амрико дар шаҳри Владивостоки Русия ва ҳамчунин дар 6 намояндагии дигари дипломатии кишвараш, аз ҷумла дар Чину Ҷопон фаъолият кардааст.

Лентаи хабарҳо
0