ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Олимзода Насим Хоҷа, вазири тандурустӣ ва ҳифзи ҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Бенуа Мерибел, директори генералии Фонди “Мериё”-и Фаронса мулоқот намуд.
Зимни мулоқот Олимзода Насим Хоҷа таъкид намуд, ки сол то сол ҳамкории Тоҷикистон бо кишвари Фаронса дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи ҷтимоии аҳолӣ ривоҷ меёбад, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти ду кишвар ба соҳаи мазкур дарак медиҳад.
Манбаъ қайд намудааст, ки дар фарҷоми вохурӣ миёни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Бунёди “Мериё” созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, ҷонибҳо аз вохурии баргузоргардида изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Созишномаи ҳамкории Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва бунёди “Мериё” барои мустаҳкам намудани иқтидори Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки саҳми мутахассисони фаронсавӣ ҷиҳати омузонидани мутахассисони тоҷик барои истифодаи технологияи муосир ва усуслҳои нави ташхис хеле назаррас мебошад.