Муовини вазир: худи сокинон аз беаҳамиятӣ ба талафоти барқ роҳ медиҳанд

© © Sputnik / Амир ИсаевШоимзода Джамшед Шоди зам мин энергетики
Шоимзода Джамшед Шоди зам мин энергетики - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамшед Шоимзода гуфтааст, сару садои барзиёд кор кардани ҳисобкунакҳои барқӣ асос надорад

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Муовини  вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода дар мусоҳиба бо хабарнигори "Ховар" кори ҳисобкунакҳои электрониро, ки дар бархе аз ноҳияву шаҳрҳои Тоҷикистон насб шудаанд, тавзеҳ додааст.

Ба гуфтаи вай, ҳисобкунакҳои нав барқи истифодашударо барзиёд ҳисоб накарда, балки яке аз омилҳои асосии бартарафсозии талафоти барқ мебошанд.

Шоимзода гуфтааст, системаи нав, яъне гузаштан ба истифодаи ҳисобкунакҳои электорнӣ дар Хуҷанд, самаранокиашро исбот карда, талафот дар шаҳр аз 18 дар сад то 9 дар сад кам шуд.

Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нозирони барқ дар Хуҷанд 12 баробар каму ҷамъоварии ҳаққи барқ 100% иҷро шуд

Муовини вазир афзуд, ки сару садоҳо дар бораи барзиёд кор кардани ҳисобкунакҳои барқӣ асос надорад.

"Зимистони имсол эҳтиёҷи мардум ба барқ то 12 дар сад зиёд шуд, ин маънои онро дорад, ки пардохт низ 12 дар сад зиёд мешавад", - таъкид дошт Ҷамшед Шоимзода.

"Ҳаҷми муайянсозии аниқи ҳисобкунакҳои ҳозира 01-02 фоиз мебошад. Ҳисобкунакҳои пештара то 1 фоизро ташкил медоданд, ки шиддатро ҳис намекарданд. Шакли ҳар як ҳисобкунак дорои ҳуҷҷати махсус буда, нозукиҳои техникияш дар он сабт шудааст, ки сокинон метавонанд тавассути сомонаҳои интернетӣ аз он хабардор гарданд", - афзудааст вай.

Муовини вазир таъкид дошт, ки дар баъзе ҳолатҳо ба талафоти барқ худи сокинон "гуноҳкор" мебошанд.

"Шаҳрвандон баъди истифодаи таҷҳизоти барқӣ онҳоро дар бештари ҳолатҳо хомӯш накарда, онҳоро аз манбаи барқдиҳӣ намегиранд, ки ин ҳолат ба сарфи неруи барқ оварда мерасонад", - гуфт вай.

Лентаи хабарҳо
0