ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Наздики 130 шаҳрванди хориҷӣ дар соли 2018 аз Латвия паноҳгоҳ хостанд, панҷ нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Дар ин бора як масъули Хадамоти давлатии гумрукии кишвар Гунтис Пуятс хабар додааст.
"Соли гузашта бештар шаҳрвандони Русия аз Латвия паноҳгоҳ ҷуста, сабабашро фаъолияти сиёсӣ ва таъқиби динӣ номиданд", - гуфт Пуятс.
Ба гуфтаи вай, дар соли 2018 51 шаҳрванди Русия, 18 шаҳрванди Ироқ, 13- Тукрия ва Озарбойҷон, 11- Миср, 8 - Гурҷистон, 5 - Сурия, 5 - Тоҷикистон ва 3 шаҳрванди Афғонистон аз Лутвия паноҳандагӣ хостаанд.
Пуятс нагуфтааст, ки Латвия чанд хоҳиши шаҳрвандонро қабул кард, аммо қисме аз дархост дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.